ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аввалин омори шифоёфтагони «вируси корона» ё КОВИД – 19 - ро эълон кард.
Бино ба иттилоияе, ки маркази матбуоти вазорат дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошт, то соати 17.00 – и имрӯъ – 20 май дар саросари кишвар 470 нафар аз ин маризӣ шифо ёфтаанд.
“Теъдоди гирифторон ба 2140 нафар (204 мавриди ҷадид) расида ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 470 нафар шифо ёфтанд. Ҳамзамон, то санаи мазкур дар кишвар аз ин беморӣ 41 нафар фавтидаанд. Дар шабонарӯзи ахир касе нафавтидааст”, - омадааст дар иттилоия.
Ҳамзамон дар ин иттилоия омадааст, ки то 20 май дар кишвар 3532 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 595 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд. Ҳамзамон, то соати 17:00 дақиқаи 20 май дар кишвар 2140 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 470 нафар шифо ёфтанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 41 нафар фавтидаанд.