Мақомдори афғон: Толибон ҳеҷ нияте барои сулҳ дар Афғонистон надорад

Сарпарасти вазорати кишвари Афғонистон гуфт, гуруҳи Толибон як гуруҳи аҳдшикан аст ва ҳеҷ нияте барои сулҳ дар ин кишвар надорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 май – Sputnik. Пас аз ҳамалоти террористии ахир дар Кобул, Нангарҳор, Пактия ва имрӯз душанбе дар шаҳри Ғазнӣ "Масъуд Андробӣ" дар нишасте бо масъулони амниятӣ ва дифоии Афғонистон, гуруҳи Толибонро масъули ҳамалоти террористии ахир дар ин кишвар донист, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”. 

Абдуллоҳ ба қисме аз Ҳукумати Афғонистон соҳиб шуд: имзои созишнома байни ӯ ва Ғанӣ

Сарпарасти вазорати кишвари Афғонистон таъкид кард: гуруҳи Толибон беэътино ба тааҳудоташ ба манотиқи мухталифи ин кишвар ҳамла мекунад ва толиби ҷангу хунрезӣ аст. 

Дар ҳамалоти террористии ахир дар манотиқи мухталифи Афғонистон, аз ҷумла  Кобул ва имрӯз дар шаҳри Ғазнӣ дар шарқи ин кишвар даҳҳо ғайринизомии афғон кушта шуданд. 

Аз замони имзои тавофуқнома ба истилоҳи сулҳи байни гуруҳи Толибон ва Америка дар ҳудуди се моҳи пеш то кунун, Толибон ҳамалот ба манотиқи мухталифи Афғонистонро афзоиш додааст, ки бар асари он садҳо тан кушта ё захмӣ шудаанд.