Кумаки Тоҷикистон ба зарардидаҳои обхезӣ дар Ӯзбекистон: 51 қатораи боркаш

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарардидагони офати таббиӣ ба вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон масолеҳи сохтмонӣ кӯмак фиристод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 май – Sputnik. Кӯмаки хайриявӣ аз ҷумлаи масолеҳи сохтмонӣ семент, бомпуш (шифер) рангу мех иборат буда, субҳи имрӯз тавассути қатора аз истгоҳи Роҳи Оҳан ноҳияи Бобоҷон Ғафуров интиқол дода шудаааст.

Музаффар Юнусов, котиби матбуоти раиси вилояти Суғд, ин иттилоъро ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ кард ва гуфт, кӯмакҳо аз номи мардуми Тоҷикистон ба мардуми Ӯзбекистон, аз ҳисоби офати табиӣ дар вилояти Сирдар ё зарар дидаанд расонида мешавад.

“Ин кумакҳо аз 51 қатораи боркаш иборат буда, барои расонидани он масъулин аз ҳукумати ҷумҳурӣ ва муовини раиси вилояти Суғд, Анвар Яъқубӣ вобаста шудаанд”,- гуфт Юнусов.

Рӯзи 2 уми май дар пайи боридани борони шадид обанбори Сардоба дар вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон канда шуда, даҳҳо манзили маҳаллро хароб кард. Бар асари ин офати таббӣ беш аз 60 нафар маҷрӯҳ шуда, чанд нафари дигар ҳам ҳалок шудаанд.

Кумаки Ӯзбекистон ба Тоҷикистон: 10 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, доруворӣ ва мутахассис

"Наздики 70 нафар сокинони атрофи обанбор ба маконҳои бехавф дар вилоятҳои Сирдарё ва Ҷиззах интиқол дода шуданд. Бештар аз 17 ҳазор нафар аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд", - иттилоъ дода буд, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар.

Таърих собит месозад, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ду ҳамсоякишваранд, ки мардумонаш солҳо ба ин тараф ҳамдигарро дастгирӣ кардаанд, бахус дар айёми сахтиҳову ноҷуриҳои ҳаёт. Бар пояи сарчашмаҳои таърихӣ соли 1966 шаҳри Тошкандро заминҷунбии сахте такон дод, халқи тоҷик он замон бо андуҳи гарон дар канори мардуми узбек истод ва барои рафъи паёмадҳои он дасти мадад дароз мекард.

Соли 1985 як чунин заминҷунбии сахт шаҳри Қайроққум, (ҳоло Гулистон) ва атрофи он дар шимоли Тоҷикистонро такон доду соли 1989 фоҷиаи дар Шарора дар ҷануби Тоҷикистон ба вуҷуд омад.

Аз ин ҳама ноҷуриҳои рӯзгор мардуми ӯзбек аз аввалинҳо шуда бо расонидани кӯмаки саховатмандона ба мардуми тоҷик ғаму андӯҳи худро иброз доштаанд. Дар замони соҳибистиқлолии кишварҳо ҳам ин анъанаи неки байниҳамдигарӣ ҳамоно пойбарҷост.

Чанде қабл ширкати "UzAuto"-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади густариши парки махсуси беҳдоштии мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва расонидани кумаки саривақтӣ ба беморон дар давраи пандемияи COVID - 19 ба ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мошинҳои ёрии таъҷилии тибби тамғаи "Damas" фиристон.

Шифохонаи гардон дар варзишгоҳи “Бофанда”: аз Чину Ӯзбекистон чӣ камӣ дорем?

Пештар аз ин ҳам ҳудуди 140 беморхонаи сайёр ё мобилӣ, якҷо бо таҷҳизотҳои махсуси нафасрасонии сунъӣ (ИВЛ) ҳар яке дорои 8 рахти беморӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон тақдим гардид.

Дар баробари интиқоли беморхонаҳои гардон (мобилӣ) аз ин кишвари ҳамсоя дар рӯзи 8 май, ҳашт нафар табибони ӯзбекистонӣ ба ҳисоби пулманолог, реаниматолог, эпидемиолог, вирусолог ва ҳамшираи тиббӣ бо мақсади кумак намудан ба табибони тоҷик, ҷиҳати табобати беморони гирифтори коронавируси нави COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданд.

Имрӯзҳо, мардуми Ӯзбекистон ба рафиқони тоҷики худ барои рафъи коронавируси COVID-19, ки дар тамоми ҷаҳон ташвишоваранд, кӯмаки саховатмандона мерасонанд. Ҳамингуна, ойини ҳамсоядорӣ миёни халқҳои шарифи тоҷику узбек, солҳо ба ин су пойдор аст.