Теъдоди мубталоёни коронавирус дар Тоҷикистон наздики 2 ҳазор шуд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, тайи як шабонарӯзи ахир дар кишвар 207 нафари дигар мубталои коронавирус гаштааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорат, то соати 17:00 – и имрӯз – 19 май, теъдоди гирифторони коронавирус дар кишвар ба 1936 нафар (207 мавриди ҷадид) расидааст.

Маълум шуд, ки чанд нафар гирифторони коронаврус аз Данғара шифо ёфтаанд

Ёдовар мешавем,  теъдоди ҷадиди гирифторони коронавирус дар рӯзи  гузашта ба 205 нафар баробар буд.

Бар пояи нишондоди омори вазорат, давоми ин шабонарӯз ягон нафар нафавтидааст, шумораи онҳое, ки аз ин маризӣ тайи рӯзҳои гузашта фавтиданд ба 41 нафар расид.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат  3781 нафар  зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 641  нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

"Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст", - гуфтааст Вазорат.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рӯзи 30-уми апрел нахустин бор аз гирифтории 15 сокини кишвар ба коронавирус хабар дод.