ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Кормандони милитсия ҷасади зани 50 - солаи сокини шаҳри Бӯстонро бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт намуданд.
Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҷасади марҳумро кормандони милитсия санаи 17-уми майи соли 2020, тахминан соати 20:00, дар хонаи истиқоматии марди 42-солаи сокини кӯчаи Ҷавонии шаҳри Бӯстон пайдо карданд.
Муайян гардидаст, ки ҳамон рӯз тахминан соати 15:00, сохибхонаи 42 - сола бо ҳамроҳии марҳума дар хонаи истиқоматиаш машрубот истеъмол намуда, ҳангоми муноқишаи ба миён омада охиронро мавриди лату кӯб қарор додааст.
Қатли меҳмон аз сӯи мизбон: ҳамқадаҳ будаанд
Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки дар натиҷа ҷабрдида аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВУД Тоҷикистон мегуяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо модаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.