Ӯзбекистон омори ахири беморону фавтидагонро аз вируси корона эълон кард

Мақомоти Ӯзбекистон эълон кардааст, ки шумори нафароне, ки гирифтори вируси корона шудааст 2741 нафарро ташкил медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik.  Бино бар иттилои Вазорати беҳдоштии Ӯзбекистон, то имрӯз аз ин шумор 2245 нафар бемор шифо ёфтааст. 517 нафари дигар зери назорат ва муолиҷаи пизишкон қарор доранд.

Тамдиди қарантина дар Ӯзбекистон ва афзоиши мубталоён ба коронавирус дар Қирғизистон

Дар ҳамин ҳол, Вазорати беҳдоштии Ӯзбекистон таъкид доштааст, кисаломатии ҳафт нафар бемор хеле нигаронкунанда аст ва як нафари дигар дар ҳолати тамоман вазнин қарор дорад.

Тибқи иттилои манбаъ, то санаи 17 май 12 шаҳрванди Ӯзбекистон бар асари бемории вируси корона ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои Вазорати беҳдоштии Ӯзбекистон дар ноҳияҳои Тайлоқ, Оқдарё, Пойариқ, Иштихон ва маркази маъмурии вилоят – шаҳри Самарқанд сарчашмаи пайдоиш ва пахши ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.

“Ҳамаи сироятшудагони ин беморӣ ба ронандагони мошинҳои борбари байналмилалӣ марбут мебошад. Дар маҷмӯъ теъдоди сироятшудагони ин беморӣ 281 нафар буда, аз ин шумор 154 нафар баъди барқарор кардани саломатии худ бемористонро тарк кардаанд. Дар ҳамин ҳол вилояти Самарқанд баъди шаҳри Тошканд аз рӯи теълдои беморони ба коронавирус сироятшуда дар ҷои дуюм қарор дорад”, - таъкид доштааст вазорати беҳдошти Ӯзбекистон.