Суръати сирояти коронавирус дар Русия коҳиш меёбад

Аммо, матаассифона 24 соати ахир аз коронавирус дар Русия 91 нафар ҳалок шуда, 2836 нафар шифо ёфтанд. Қариб дар тамоми минтақаҳои кишвар карантин идома дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 мая — Sputnik. Тайи як шабонарӯзи ахир дар 81 минтақаи Русия 8926 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирус тасдиқ шуд. 

Дар ҳамин ҳол, 40,1 дар сади сироятёфтагон нишонае аз КОВИД-19 надоштанд. Аммо, мутаассифона 24 соати ахир дар пайи сирояти ин вируси мудҳиш 91 тан ҳалок шудаву 2 836 нафар аз вартаи он халос шуданд.

Омори COVID-19 дар Тоҷикистон: 2 фавт ва 205 гирифтори ҷадид
Чун ҳамеша, бештарин ҳолатҳои сироятёбӣ ба Маскав рост меоянд, ки 3 238 беморро ташкил медиҳад. Дар вилояти Маскав 921 ҳолат ва дар Санкт-Петербург 425 бемори нав ба қайд гирифта шуданд.
Шумораи умумии гирифторони коронавирус дар Русия 290 678 нафарро ташкил медиҳад.

Аз вируси корона 2 722 тан ҳалок шуданд.

Бояд қайд кард, ки нисбат ба дигар кишварҳо дар Русия нишондоди марг аз коронавирус пас аст.