Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Кӯмаки КМОТ барои мубориза бо COVID-19

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз ҳисоби маоши кормандон дар ҳаҷми умумии 11500 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Вазорати молияи Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо пандемияи Covid-19 гузаронд.
Sputnik

ДУШАНБЕ. 2019, 18 май. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар пайравӣ ба иқдоми Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати мубориза бо пандемияи Covid-19 кӯмак намуд.

Шоҳрух Саидзода маоши яксолаи худро барои мубориза бо COVID - 19 дод

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1-уми май як маоши худро барои мубориза бо ин беморӣ ҷудо намуд, ҳамчунин кӯмакҳои моддӣ аз номи Президенти ҷумҳурӣ ба ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ равона гардид.

Омори COVID-19 дар Тоҷикистон: 2 фавт ва 205 гирифтори ҷадид

Дар пайравӣ ба иқдоми наҷиби Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз ҳисоби маоши кормандон дар ҳаҷми умумии 11500 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Вазорати молияи Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо пандемияи Covid-19 гузаронд.

Омори як ҳафта дар Хуҷанд: тасфи баланду “илтиҳоби шуш” кам шудааст

Тибқи иттилои расмӣ дар ҳолати 18 май дар ҷумҳурӣ шумораи сироятёфтагон ба бемории ҳамагири Covid-19 ба 1729 нафар расида, 41 кас фавтидаанд.