Қарз аз ХБА барои пардохти фоизи қарзҳои пешин

Бахше аз кумаки 189,5 миллион долларии Хазинаи байналмиллалии пул барои бозтамвили қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли равон ҳазина хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Вазорати молияи Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин мизон кумак барои ҳимоят аз будҷети ҳукумат рӯзи ҳаштуми май аз Хазинаи байналмиллалии пул ба Душанбе мунтақил шуд, иттилоъ додааст ТоҷикТА.

Боз қарз: Сандуқи байналмилалии пул ба Тоҷикистон 189,5 млн. доллар дод

Вазорати молия қайд кардааст, ки ба далели густариши коронавирус ва таътилии марокизи саноатӣ ва тиҷорӣ дар Тоҷикистон, ки муҷиби коҳиши қобили мулоҳизаи бахши даромадии будҷети ҳукумат  дар соли равон мешавад, бахше аз ин кумак барои бозтамвили қарзҳои хориҷии Тоҷикистон ҳазина хоҳад шуд.

Хазинаи байналмиллалии пул пас аз ҳашт сол акнун дар шароити густариши коронавирус, бо ихтисос додани  қарзи 189,5 миллион долларӣ ба Тоҷикистон таҷдиди назар дар бахши даромадии будҷети ҳукумати ин кишварро хостор шудааст.

Манобеи Вазорати молияи Тоҷикистон таъкид доштааст, ки Хазинаи байналмиллалии пул хостори коҳиши се миллиарду 200 миллион сомони (баробар бо 225 миллион доллар)-и бахши даромадии будҷети ҳукумат аз ҳисоби андоз шудааст.

Ҳамчунин ин ниҳод аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки бахши ҳазинаии будҷети хешро ба мизони як миллиарду 200 миллион сомонӣ (баробар бо 117 миллион доллар) коҳиш диҳад.