ДУШАНБЕ, 18 мая — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин аз мусалмонони кишвар хоҳиш намудааст, ки ба даъвати муфтиҳо гӯш дода, дар иди Рамазон дар хонаҳояшон монанд.
Ӯ дар рафти мулоқоти видеоӣ бо роҳбарияти ва намояндагони ҷомеаи Доғистон аз мусалмонон дархост кардааст, ки аз намозҳои ҷамоат ва ҷамъомадҳои серодам дар ин рӯз худдорӣ кунанд.
"Хело хуб медонам, ки ин ид дар ҷумҳурӣ чӣ арзиш дорад, чигуна анъанаҳо ҳифз мешаванд. Ҳамчунин медонам, ки ходимони дин аз мусалмонон даъват мекунанд, дар намози ид ва барои таҷлили он дар як ҷо ҷамъ нашванд", - гуфтааст вай.
Ӯ изҳори умедворӣ кардааст, ки ба ин хоҳиши вай гӯш медиҳанд.
Пештар Раёсати мусалмонони Русия изҳор дошта буд, ки имсол дар бастагӣ бо пандемия дар Маскав намози ид баргузор намешавад.
Раёсат пешниҳод кардааст, ки намози ид бо иштироки рӯҳониёни каме баргузор гардида, мустақиман пахш шавад.