Алоқаи ҷинсӣ бар ивази 300 сомонӣ: боздошти марди 52-сола барои ташкили фоҳишахона

Масъулини вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар доданд, ки марди 52-сола, ки дар шаҳри Конибодом ба даллагӣ машғул будааст, аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон марди 52-сола дар шаҳри Конибодом бар ивази мукофотпулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ марду занро барои алоқаи ҷинсӣ шинос мекардааст.

200 сомонӣ иҷораи фоҳишахона дар деҳот: мизоҷ зану марди ҷавон

Тавре ВУД зикр кардааст, кормандони милитсия зимни як амалиёт марди 52-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пулотони шаҳри Конибодом, ки пеш бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон маҳкум шуда буд, бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир намуданд. 

“Номбурда, санаи 16-уми майи соли 2020, тахминан соати 13:50-дақиқа, дар ҳудуди шаҳри Конибодом марди 35-сола ва зани 27-солаи сокинони шаҳри мазкурро барои алоқи ҷинсӣ намудан шинос карда, аз онҳо 300-сомонӣ ҳамчун мукофотпулӣ гирифтааст”, таъкид доштааст манбаъ.

Дар ҳоли ҳозир нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз 17-уми майи соли равон, оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.