Италия санаи боз шудани марзҳоро эълон кард

Маҳдудияти равуой миёни манотиқи Италия сар 18 - уми май бардошта мешавад. Дар ин кишвар 225 ҳазор нафар гирифтори вируси COVID -19 гардида, 31 ҳазор бемор ҷон бохтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Хуруҷи маризии сироятии коронавирус анқариб тамоми ҷаҳонро домангир шуд ва боиси он шуд, ки қисми зиёди сайёра хонанишин шаванд.

Даҳшати коронавирус дар Италия бадтар аз Чин шуд: фавти 627 нафар дар як шабонарӯз
Ба ҳамин минвол, ҷаҳон беш аз як моҳ дар режими хонашинӣ зиндагӣ мекунад, аммо вақтҳои охир роҳбарони баъзе давлатҳо дар бораи тадриҷан сабук кардани маҳдудиятҳо даст ба кор шудаанд.

Қаблан хабар дода шуд, ки сарҳадҳои аврупоӣ барои хориҷиён аз аввоили тобистон боз мешаванд.

Ҳоло ҳукумати Италия, пас аз сар гузарондани мушкилтарин давра ҳангоми мубориза бо коронавирус, аз боз шудани сарҳадот хабар медиҳад.

Коронавирус ба кишварҳои Қафқоз ҳам расид: маризӣ аз Эрону Италия вуруд шуд

Интизор меравад, бекор шудани маҳдудияти ҳаракат дар байни минтақаҳо ва инчунин иҷозати вуруд ва баромад аз 3 - юми июн шурӯъ шавад.

Мақомоти Италия аз миёнаҳои моҳи март рафту омад дар байни минтақаҳоро ба таври назаррас маҳдуд намуданд. Сафарҳо танҳо дар ҳолати зарурати корӣ, бо сабаби вазъи саломатӣ ва ҳолатҳои фавқулода имконпазир буданд.

Акнун , сар аз 18 май ҳама гуна маҳдудият барои рафтуомади одамон дар минтақаҳо бардошта мешавад. Зимнан, қайд мегардад, ки дар сурати бад шудани вазъи эпидемиологӣ, ин тадбирҳо метавонанд дубора ҷорӣ шаванд.