ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Кумитаи тадорукоти Бозиҳои шашуми соҳилии Осиё дар Санйаи Чин аллакай тасвирҳои шартии намудҳои варзишро, ки дар ин мусобиқаҳо муаррифӣ мешаванд, пешниҳод кард.
Тибқи гузориши сомонаи шабакаи телевизионии “Варзиш”, дар Бозиҳои шашуми соҳилии Осиё 17 намуди варзиш, 19 ришта ва 93 чорабинӣ муаррифӣ карда мешаванд
“Бозиҳо аз 28-уми ноябр то 6-уми декабри соли 2020 дар шаҳри курортии Санйаи ҷазираи Ҳайнан баргузор мешаванд”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ зикр кардааст, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои соҳилии Осиё ширкат карда, ба комёбиҳо ноил шудаанд.
Аз ҷумла паҳлавони маъруфи тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё, ки соли 2014 дар шаҳри Пҳукети Тайланд доир гардид, дар мусобиқаи гӯштини кураш дар вазни беш аз 90 килограмм барои мақоми аввал бо медали тилло сарфароз шудааст.