ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Меҳрнигори Рустам овозхони машҳури Тоҷикистон дар барномаи "Ногуфтаҳо" - и журналист Орзу Исоев дар шабакаи Youtube гуфт, ду ҳафта боз дар хона нишастааст.
"Ҳамин рӯз худро беҳтар эҳсос мекунам, вагарна бетоб будам. Зуком доштам", - гуфт Меҳрнигор.
Ба гуфти овозхон ӯ авохири моҳи апрел барои сабти намоҳанги ҷадиди худ, ки суруди бадахшонӣ будааст ба Данғара сафар карда ва пас аз як рӯз вазъияташ ногувор шудааст.
"Маззаро эҳсос намекардам, беҳоль буд, овозам гирифт, биниям маҳкам шуд ҳарорат ҳам доштам", - гуфт Меҳрнигор ва афзуд, ки пизишкон ба ӯ ташхиси аллергия гузоштанд.
Меҳрнигор дар ин барнома барои муҳоҷирони тоҷик, ки феълан дар вазъияти наонқадар хуб дар мулки бегона қарор доранд, чанд мисрае ҳам сароиду аз сабти клипи наваш хабар дод.
Ба гуфти Меҳрнигор намоҳанги нави ӯ дар остонаи Иди Фитр ҳамчун армуғон барои мухлисонаш пешкаш хоҳад шуд.
Дар ин барнома қайд шуд, ки вазъияти имрӯз агар аз як тараф мушкилоти зиёдеро бар сари одамият оварда бошад, аз ҷониби дигар фурсати хубе барои якҷо будани аҳли хонаводаро муҳайё кард.