ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон, дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт, дар 24 соати гузашта, 1757 бемори ҷадид ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ додааст радиои "Садои Хуроссон".
Вай афзуд, то кунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 118 ҳазору 392 нафар дар Эрон ба коронавирус олуда шудаанд.
Ҷаҳонпур ҳамчунин қайд кард, ки дар Эрон дар 24 соати ахир фавти 35 нафар сабт шудааст. Дар ҳамин ҳол, шумлри умумии нафарони ҷонбохта аз вируси корона дар Эрон ба 6937 нафар расидааст.
Ҳамзамон раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон афзуд, имрӯз баъд аз 70 рӯз, теъдоди мавориди фавти рӯзона ба камтар аз 40 маврид расид.
Ёдрас мешавем, ки новобаста аз вазъи мушкил дар Эрон мақомоти ин кишвар чанд рӯз пеш ба Тоҷикистон тариқи як ҳавопаймои ихтисосии ширкати эронии “Вориш” кумакҳои пизишкӣ ва беҳдоштии равон кард.