Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Муҳаққиқон: COVID-19 ба ҷузъ шуш боз 5 узви бадани инсонро олуда мекунад

Муҳаққиқон дар баррасиҳои худ дараёфтанд, ки бемории коронавирус метавонад рӯдаҳо, гурдаҳо ва дигар аъзои баданро даргир кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 мая — Sputnik. Муҳаққиқон дар баррасиҳои худ мушоҳида карданд, ки коронавирус метавонад аъзои мухталифи бадан, аз ҷумла шуш, гулӯ, ҷигар, мағз, гурдаҳо ва рӯдаҳоро олуда кунад, хабар медиҳад ИСНА.

Дар Русия афзоиши сирояти коронавирус қатъ шудааст
Муҳаққиқон дар ду мутолиаи ҷудогона дарёфтанд, ки коронавирус метавонад аз шуш низ фаротар рафта ва андомҳои мухталифи баданро даргир кунад.

Телефони боварӣ ба гирифторони коронавирус чӣ кӯмак карда метавонад?

Ин ёфтаҳо метавонад нишондиҳандаи ин мазӯъ бошад, ки чаро бемории коронавирус бо аломатҳои мухталифе ҳамроҳ аст.

Коронавирус, гурӯҳи бемориҳои танаффусӣ мебошад ва аз тариқи тарашшуҳоти танаффусӣ мунтақил мешавад, аммо гоҳо ин беморӣ бо исҳол ва дигар аломатҳои  гуворишӣ ҳамроҳ аст.