ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Дар пайи боришоти зиёди рӯзи гузашта ва омадани сели азим дар ноҳияи Хуросон як марди 55 фавтида ва ҳамчунин ба як қатор хонаҳо зарар расонидааст.
Тибқи иттилои сомонаи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар марди фавтида ҳангоми чорвоҷаронӣ дар сел афтодааст.
Ба иттилои манбаъ, дар баъзе манотиқ хонаҳо зери об монданд, роҳҳо вайрон, пулҳо хароб гардида, ба хоҷагии халқи кишвар зарар расид, ки дар айни замон ҳаҷми он ҳисоб мешавад.
Манбаъ мегӯяд, борони шадид боиси омадани сел ва боло рафтани сатҳи об дар дарёи Кофарниҳон шуд ва ин боис гардид, ки масофаи 500 метр кӯчаи Ғалаба, воқеъ дар соҳили чапи дарё шуста шавад, 150 – 200 метр роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ, 3 манзили истиқоматӣ, ки дар наздикии соҳил бунёд шуда буданд, хароб гарданд ва ҳоло ин харобӣ манзили се сокини дигари минтақаро ҳам таҳдид мекнуад.
Ба иттилои Кумита ҳамчунин дар пайи боришоти шадид сатҳи оби рӯди Элок дар ноҳияи Файзобод боло рафта, дар рустои Кабкрез харобиҳо орада, пули мошингузари маҳаллие, ки деҳаи Кабгурез ва деҳаи Навбаҳорро бо ҷамоати деҳоти Дӯстмурод Алиев мепайвандад, дар ҳолати садамавӣ қарор додааст.
“Ҳоло равуои нақлиёт ва одамон дар ин мавзеъ қатъ гардида, рафту омад бо тавассути маркази ҷамоати деҳоти Дӯстмурод Алиев бо пули мошингузари деҳаи Ҷонварсӯз ба роҳ монда шудааст”,-афзудааст манбаъ.
Инчунин, рӯзи 14-уми май, қарибиҳои аср дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ҳилолӣ, С.Айнии ноҳияи Хуросон бар асари боронҳои пуршиддат ва давомдор сел омада, ба як қатор хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон зарар расонидааст.
Кумита бо такя ба ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар гуфтааст, ҳавои ноустувор дар саросари Тоҷикистон то рӯзи 19-уми май боқӣ мемонад.