Эҳёгару пулмонологу эпидемиолог онлайн: таъсиси Маркази нав дар Вазорати тандурустӣ

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз таъсиси Маркази тиббии зеҳнӣ хабар дод, ки барои шифои беморони коронавирус фаъолият хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 май – Sputnik. Ба иттилои Вазорат,  аз ин Марказ сармутахассисони соҳавӣ, аз қабили эҳёгарону наҷот, пулмонологҳо, сироятшиносон, рентгенологҳо ва эпидемиологҳо тариқи мустақим барои табобати шифои беморони коронавирус маслиҳат медиҳанд.

Раҳимзода карантинро зиёновар хонд: дар 2 моҳ 16 миллиард сомонӣ зарар мерасид

“Кумаки машваратию маслиҳатӣ ба мутахассисони беморхонаҳои вилоятӣ, шаҳру ноҳияҳо, ки оид ба ташхис ва табобати беморони гирифтори коронавируси нави COVID-19  фаъолият доранд, ба таври мустақим расонда мешавад”, - тавзеҳ дод Вазорат.

Манбаъ афзуд, ки кори Маркази тиббии зеҳнӣ ҳамарӯза аз соати 14 то 17 ба таври мустақим баргузор гардида, дар он сармутахассисони соҳавии вазорат ба мутахассисони беморхонаҳое, ки ба ташхис ва табобати гирифторони коронавируси нави COVID-19  машғуланд, маслиҳат медиҳанд.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, то соати 17:20 дақиқаи рӯзи 15 май дар кишвар 1 ҳазору 118 нафар бо сирояти коронавирус ошкор гардида, аз ин беморӣ 33 нафар фавтидаанд

Ин ниҳод таъкид кард, ки то имрӯз дар мамлакат 4297 нафар  зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 477 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.