Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Теъдоди гирифторони COVID -19 дар Русия ба 252 245 кас расид

Дар давоми шабонарӯзи гузашта дар саросари Русия 93 ҳолати фавт аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, 5 527 нафар пурра сиҳат шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Рӯзи гузашта дар 84 минтақаи Русия 9 974 кас ба коронавируси навъи COVID - 19 гирифтор шудааст, хабар медиҳад ситоди фаврӣ.

Путин гуфт, рӯзҳои истироҳат тамом шуд, вале мубориза бо COVID - 19 не

Аз ин шумор 4 712 бемори COVID-19 дар Маскав, 918 дар вилояти Маскав ва 460 дар шаҳри Санкт-Петербург ба қайд гирифта шудааст.

Мақоми сеюми Русия аз рӯи шумораи мубталоёни COVID - 19 дар ҷаҳон

Беш аз 40,6% беморон ягон нишонаи бемориро надоштаанд. Дар баробари ин, дар давоми 24 соати гузашта дар Русия 93 нафар қурбони ин беморӣ шуда, 5 527 нафар пурра сиҳат шудаанд.

Дар умум то рӯзи 14 май дар 85 минтақаи Русия 252 ҳазору 245 кас мубталои коронавирус шудааст. Аз рӯзи аввали сабти бемории коронавирус дар Русия то имрӯз, 2 116 нафар қурбон шудааст.

Ёдрас мешавем, ки ноиби сарвазири Русия Татяна Голикова изҳор дошт, ки фавт дар Русия аз COVID -19 нисбат ба дигар кишварҳои ҷаҳон 7,4 маротиба камтар аст.