Падари Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи Маскав қарор дорад

Падари размикори номӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов - Абдулманап Нурмуҳаммадов пас аз сар гузаронидани инсулт феълан дар шуъбаи эҳёи яке аз беморхонаҳои Маскав қарор дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Падар ва мураббии қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Абдулманап Нурмуҳаммадов беҳуш шуд, хабар медиҳад нашриёти "Спорт экспресс" бо такя ба манбаъи огоҳ.

Феълан ӯ дар шуъбаи эҳёи яке аз бемористонҳои низомии шаҳри Маскав, таҳти назорати доимии пизишкон қарор дорад. Қайд мешавад, ки Абдулманапро дар Доғистон нодуруст табобат кардаанд ва натиҷа ӯр ба ин рӯз овардааст.

Ҳарифи навбатии Ҳабиб дақиқ шуд

Роҳбари UFC гуфт, муҳорибаи Ҳабиб ва Гэтҷӣ кай ва дар куҷо метавонад доир шавад

"Вазъияти ӯ хеле бад аст. Ӯ беҳуш аст. Ӯро бо ҳавопаймо оварданд ва ҳоло ӯ дар табобатхонаи низомӣ дар Маскав аст. Ӯ дар беморхона танҳо аст. Хешовандонро ба он ҷо роҳ намедиҳанд", - гуфт манбаъ.

Гуфта мешавад, дар бадани Абдулманапи 57-сола тромб пайдо шуда, ки ба инсулт овардааст.

Ёдрас мешавем, ки пештар расонаҳо хабар доданд, ки Нурмуҳаммадови бузургӣ бо иллати пневмония дар бемористони Доғистон бистарӣ карда шуд, вале баъдан ӯро тариқи парвози вижа ба Маскав оварданд.

Натиҷаи ташхиси падари Ҳабиб Нурмуҳаммадов маълум нест: ӯ дар бемористон аст

 

Қайд мешавад, ки бемории Абдулманап ба коронавирус рабт дода мешавад.