ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Идораи амнияти миллии Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе эълом кардааст, ки гурӯҳи Толибон пас аз имзои тавофуқномаи ба истилоҳ сулҳ бо Амрико аз ду моҳу ними пеш то кунун се ҳазору ҳафтсаду дувоздаҳ ҳамларо дар манотиқи мухталифи Афғонистон анҷом додааст, иттилоъ додааст радиои бурунмарзии Садои Хуросон.
Тибқи иттилои Идораи амнияти миллии Афғонистон, дар ин ҳамалот чаҳорсаду шасту нуҳ ғайринизомии афғон кушта ва ҳудуди нуҳсаду панҷоҳ ғайринизомӣ низ захмӣ шуданд.
Дар гузориши Идораи амнияти миллии Афғонистон ҳачунин гуфта шудааст, ки ҳар чанд низомиёни афғон дар ин муддат дар ҳолати дифоӣ қарор доштанд, аммо барои ҳифозат аз ҷону моли мардум, ҳудуди ҳазору шашсад амалиёти дифоиро барои дафъи ин ҳамалот анҷом доданд, ки бар асари он ду ҳазору яксаду сию чаҳор нафар аз узвҳои Толибон кушта ва ҳудуди ҳазору ҳафтсад нафар аз онҳо захмӣ шуданд.
Дар пайи шиддат гирифтани ҷангу ҳамалоти террористӣ дар Афғонистон, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури ин кишвар сешанбешаб дастур дод, низомиёни Афғонистон аз ҳолати дифоӣ хориҷ шуда ва ба ҳолати ҳуҷумӣ барои муқобила бо Толибон дароянд.