ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Ба яке аз зоишгоҳҳои Афғонистон субҳи рӯзи сешанбе афроди мусалаҳ ҳамла карданд ,ки дар паи он гуруҳи терорристии ДИИШ масулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифт, иттилоъ медиҳад ИРНО.
Ҳамзамон бо ин ҳамла, вилояти Нангарҳори Афғонистон хабар дод, ки ҳангоми маросими дафн дар пойтахти ин кишвар якчанд таркишҳо рух дода, беш аз 50 нафар кушта ё захмӣ шудаанд.
Ҳамла ба дидбонгоҳи сарҳадии Тоҷикистон: акси садои ҷанги Афғонистон
Ин таркишҳо ба аснои маросими ҷанозаи шайх Акрам аз фармондаҳон неруи мардумӣ рух додааст, ки алайҳи Толибон ва ДОИШ меҷангид
Манбаъҳои хабарӣ дар вилояти Пактика дар ҷануби Афғонистон низ гузориш доданд, ки афроди ношинос дар масҷиди ин вилоят ба намозгузорон оташ кушоданд, се нафар кушта ва дигарон захмӣ шуданд.