Даъвати раиси ВМКБ ба дақиқгӯӣ, худдорӣ аз бархе суннатҳои дафн ва аёдати беморон

Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ, дар марҳилаи пандемияи коронавирус хостори худдорӣ аз бархе суннатҳои дафн шуда, аз расонаҳои вилоят хост, ба мардум маълумоти дақиқ расонанд, то дурӯғу овоза паҳн нашавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik.  Яке аз масъалаҳои нозук, ин ба хок супоридани шахсоне мебошад, ки бар асари бемории сироятии COVID-19 аз дунё реҳлат мекунанд, изҳор дошт Файзов дар ҷаласаи Ситоди вилоятии мубориза бо COVID-19.

“Иҷозаи дидани рӯйи майит”: дархости раиси Кумитаи дин аз намояндаи СҶБ

Ӯ афзуд, бо мақсади ҳифзи саломатии хешу табор, ёру дӯстон то лаҳзаи омода гардидани манзили охират ҷасад дар беморхона мемонад ва танҳо бо тавсия ва ҳузури табибон он ба хок супорида мешавад.

“Бояд дар ин лаҳзаҳои душвору ҳассос бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии ин бемории сироятӣ аз риояи баъзе расму суннатҳои исломӣ ва аҷдодӣ муваққатан худдорӣ варзем”, - хабар дод “Ховар” аз қавли Файзов.

Ҳушдор аз хатари дидору гуфтугӯ бо беморон

Вай ба ҳамаи сокинони вилоят барои риояи маслиҳату тавсияи табибон изҳори сипос намуда, аз кулли сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, соҳибкорону волонтёрон даъват кард, ки дар ин шабу рӯз дар канори табибон бошанд ва онҳоро ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам маънавӣ дастгирӣ намоянд.

Сокини 57 - солаи Турсунзода пас аз қатл намудани ҷияни ҷавони худ даст ба худкушӣ зад

“Ҳарчанд ки аксарияти сокинони вилоят аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода мебаранду ба кӯча ҳам кам мебароянд, аммо  ҳанӯз ҳам шумораи зиёди одамон дар назди дарвозаи беморхонаи вилоятӣ ҷамъ шуда, мехоҳанд бо беморон аз наздик дидору гуфтугӯ намоянд. Бо ҳамин роҳ онҳо ҳам ҷони худ ва ҳам ҷони наздиконашонро дар хатар мегузоранд”, - изҳори нигаронӣ кард Файзов.

Сокинони 17 маҳаллаи Хоруғ бо навбат беморхонаро бо ғизо таъмин мекунанд

Манбаъ илова намудааст, ки дар ин шабу рӯз сокинони 17 маҳаллаи шаҳри Хоруғ беморхонаи вилоятиро бо навбат бо ғизои гарм таъмин мекунанд ва ниёз ба кумаки беруна нест. Катҳои хоб ҳанӯз басандаанд ва дар сурати зарурӣ беморхона бо катҳои иловагӣ таъмин мегардад.

Ҳунарманди шинохта Қурбоналӣ Абдуллоев тарки саҳна кард: қарорам қатъист

Ҳамчунин баъзе аз соҳибкорони саховатпеша барои қабул ва табобати беморон меҳмонхонаҳои хусусии худро пешниҳод карданд, ки ҳоло аз тарафи мутахассисони соҳа мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.

Занги то  85 нафар барои ёрии таъҷилӣ ва камбуди мошин - ҳамагӣ 5 адад

Раиси вилоят ба масъулини Раёсати тандурустии вилоят супориш дод, ки ба ташхиси беморон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва аввал ба онҳое кумак расонанд, ки вазъи саломатиашон вазнин аст.

“Зеро мутобиқи таҳқиқи коршиносони соҳаи тиб, 85 фоизи сироятёфтагон дар шароити хона низ шифо меёбанд. Ҳамчунин ҳар сари чанд вақт аз ҳоли табибони шабакаи ёрии таъҷилӣ хабар гирифтан зарур аст. Зеро онҳо дар хати аввали мубориза бо ин бемории сироятӣ қарор доранд”, - изҳор дошт раис.

Соховатманде, ки номашро нагуфт: ба беморхонаи Ҳисор кӣ дастгоҳи нафасдиҳии гарон бурд?

Ба иттилои сардори Маркази ёрии таъҷилии вилоят, дар як рӯз то 85 занги телефонӣ ворид мешавад, аммо ин марказ ҳамагӣ 5 мошини ёрии таъҷилӣ дорад. Барои ҳалли ин масъала тадбирҳои мушаххас андешидан зарур аст.

Раиси ВМКБ: ба мардум маълумоти дақиқ диҳед, то дурӯғ паҳн нашавад

Ба иттилои раиси ВМКБ, дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят суратҳисоби махсус бо мақсади кумак ба беморону табибон кушода шуда, давоми ҳамагӣ чанд рӯз ба ин суратҳисоб 78 ҳазор сомонӣ ворид гардид.

Раиси вилоят аз кормандони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ даъват намуд, ки ба сокинони вилоят маълумоти дақиқ пешниҳод кунанд ва ба ин восита аз паҳншавии ҳар гуна овозаҳои бардурӯғу ғаразомез ҷилавгирӣ намоянд.