ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik. Дар дармонгоҳи вилояти Фарғона алъон танҳо як маризи коронавирус боқӣ мондасту халос, хабар медиҳад Вазорати беҳдошти ин кишвар.
Ба иттилои манбаъ, дар ин вилоят 156 гирифтори маризии коронавирус пурра сиҳат шуда аз бемористонҳо мураххас гардиданд.
"Ҳоло танҳо як мариз дар дармонгоҳи вилоят таҳти табобати пизишкон қарор дорад", - омадааст дар хабар.
Беш аз ҳазор дардманди коронавирус дар Ӯзбекистон шифо ёфт
Зимнан, дар қаламрави Ӯзбекистон дасти кам 2 568 гирифтори маризии коронавирус ба қайд гирифта шуданд.
Вазорати тандустӣ мегӯяд, аз миёни гирифторони ин маризӣ дар бемористонҳо танҳо 503 бемор таҳти назорат ва табобати духтурон қарор доранд. Ҳамзамон пизишкони Ӯзбекистон тавонистанд 2055 мубталои коронавирусро табобат намуда ба хонаҳои онҳо гусел кунанд.