Кумаки "Авесто гуруҳ" ба беморхонаҳои Душанбе ба маблағи 2,5 миллион сомонӣ

Ширкати “Авесто Гурӯҳ” ба беморхонаҳои шаҳри Душанбе лавозимоти тиббиро тақдим карда, ваъда додааст, ки дар оянда низ эҳсонкориро идома хоҳад дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 май – Sputnik.  Тибқи иттилои шаҳрдории Душанбе, ширкати “Авесто Гурӯҳ” ба Раёсати тандурустии пойтахт, лавозимоти зарурии тиббӣ ба маблағи зиёда аз 2.5 миллион сомонӣ расонд.

СҶБ мегӯяд, Тоҷикистон бояд ба бадтарин сенарияи рушди коронавирус омодагӣ гирад

Манбаъ тавзеҳ дод, ки ширкат тариқи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба муассисаҳои тиббии пойтахти мамлакат 53 200 адад лавозимоти тиббиро дастрас кард.

“Лавозимот, аз қабили либосҳои махсуси тиббӣ барои табибон дар ҳаҷми 10 000 адад, айнакҳои ҳимояткунандаи тиббӣ 10 000 адад, дастпӯшакҳои тиббӣ 10 000 дона, ниқобҳои махсуси пластикии ҳимояткунанда 5 000 адад ва ниқобҳои тиббӣ 18 200 адад ба таври ройгон супорида шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Дар ҷараёни тақдими лавозимоти тиббӣ намояндагони ин ширкати ватанӣ  иттилоъ доданд, ки маводи мазкур дар ин рӯзҳо барои кормандони соҳаи тиб ниҳоят зарур мебошанд ва ба тамоми беморхонаҳои шаҳри Душанбе дастрас  карда мешаванд.

Шаҳрдорӣ афзуд, ширкати “Авесто Гурӯҳ” тасмим гирифтааст, ки эҳсонкориро дар оянда низ анҷом диҳад.