Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба беморхонаи Хоруғ дору доду катҳоро омода мекунад

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ ба беморхонаи марказии шаҳр дору расонда, дар кампуси донишгоҳ барои беморон 50 катро омода карда истодааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 май – Sputnik. Донишгоҳи Осиёи Маркзӣ дар посух ба дархости фаврӣ ба Беморхонаи марказии шаҳри Хоруғ барои табобати беморони гирифтори COVID-19 дору ва дигар лавозимоти мавриди ниёз кумак кард.

Бунёди ДОМ барои кумак ба осебпазирону мубориза бо COVID-19: кормандон қисми маошро доданд

Давлатбеков Саидбек, сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Хоруғ барои саховатмандӣ ва ироаи кумаки башардӯстона ба масъулони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ибрози сипос намуд.

Қабл аз ин, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо ҳадафи ироаи ғизо ва дору ба хонаводаҳои ниёзманд бунёдеро таъсис дод, ки бештар аз 100 корманди Донишгоҳ маоши якрӯзаи худро ба ин бунёд эҳдо карданд.

Илова бар ин, ба хотири коҳиш додани паҳншавии вируси COVID-19 дар кампуси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ омодасозии 50 кат дар ҷараён аст.

Инчунин дар пайи афзоиши теъдоди беморони гирифтори COVID-19 дар шаҳри Хоруғ Донишгоҳи Осиёи Марказӣ барои пизишкон ва парасторон таҷҳизоти ҳифозатии шахсӣ кумак кард.