Вазорати тандурустӣ дар робита ба коронавирус дар Тоҷикистон: вазъият таҳти назорат аст

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон намудааст, ки вазъияти коронавирус дар кишвар таҳти назорат аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 май – Sputnik. Бино бар иттилои вазорати тандурустӣ, ҳамаи ситодҳо барои пешгирӣ аз коронавирус мунтазам ва самарабахш фаъолият доранд.

“Аз ҷониби Ҳукумат ва вазорат тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд ва  минбаъд низ андешида хоҳанд шуд.  Мисли баъзе кишварҳо дар мамлакат норасоии ниқобҳои тиббӣ ва маводи антисептикӣ  вуҷуд надорад.  Ҳоло ҳамаи ин лавозимоти муҳофизатӣ асосан дар ҷумҳурӣ истеҳсол мешаванд. Ба ҳамаи беморон ёрии тиббии зарурӣ расонида мешавад, нархи доруҳо танзим карда шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дезинфексия ба таври густурда роҳандозӣ шудаанд", — илова намуданд дар Вазорат.

Фаврӣ: ҳавопаймо аз Машҳади Эрон бо таҷҳизоти пизишкӣ ба самти Душанбе парвоз хоҳад кард

Дар ҳамин ҳол сармутахассиси ғайрибастии Вазорати тандурустӣ Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳифзи солимии модару кӯдак Шералӣ Раҳматуллоев дар суҳбат бо АМИТ “Ховар” таъкид доштааст, ки 90 дарсади беморон метавонанд бидуни  истеъмоли дору аз коронавирус шифо ёбанд, қисми зиёди одамон онро дар шакли зукоми мавсимӣ ё ОРВИ мегузаронанд.

Вай афзуд, имрӯз миёни аҳолӣ ваҳму  таҳлука мушоҳида намешавад, одамон бо риоя намудани тавсияи табибон зиндагиро идома медиҳанд.

“Мардум аллакай хатари паҳншавии коронавирусро дарк кардаанд ва бештари онҳо ниқоб мепӯшанд. Албатта, бо вуҷуди ҳама чораҳои пешгирикунанда, мутаассифона, ҳоло ҳам шаҳрвандони алоҳидае ҳастанд, ки меъёрҳо ва қоидаҳои гигиенаро эътироф накардаанд ва корҳои фаҳмондадиҳӣ нисбат ба чунин ашхос идома меёбад. Мардум бояд дарк кунанд, ки агар меъёрҳои санитарӣ ба инобат гирифта нашаванд, беморӣ ба суръат паҳн гашта, аз таҳти  назорат мебарояд”, — қайд кардааст Раҳматуллоев.

Ҳамзамон Шералӣ Раҳматуллоев изҳори умедворӣ кардааст, ки дар Тоҷикистон чун дар дигар кишварҳо вазъияти душвор ба амал нахоҳад омад, зеро бо вуҷуди он ки баъзе расонаҳо ҳангома месозанд, ҳама корҳо сари вақт анҷом дода мешаванд.

Тибқи омори вазорати тандурустӣ то санаи 11 май дар Тоҷикистон 661 ҳодисаи сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуданд.