ДУШАНБЕ, 12 май – Sputnik. Киёнуш Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилорасонии Вазорати беҳдошти Эрон ахиран дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон, таъкид кард, ки дар 24 соати гузашта 1683 бемори ҷадид ошкор шуд, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей"
Вай афзуд, то кунун 109 ҳазору 286 нафар дар Эрон ба вируси корона мубтало шудаанд.
Ҷаҳонпур ҳамчунин гуфт, мутаасифона дар Эрон дар 24 соати ахир фавти 45 нафар сабт шудааст.
Тибқи иттилои вай то кунун аз вируси корона дар кишвар 6 ҳазору 685 нафар фавтидааст.
Раиси маркази равобити умумӣ ва иттилорасонии Вазорати Беҳдошти Эрон бо баёни ин, ки то кунун беш аз 600 ҳазор озмоиши ташхиси КОВИД-19 дар озмоишгоҳҳои кишвар анҷом шудааст, хотирнишон шуд, ки камтар аз 30 дарсад мавориди ҷадид аз бистарии бемористонӣ ва ҳудуди 70 дарсад маворид аз афроде аст, ки ба сурати сарпоӣ ҳастанд ва алоими хафиф доранд.