Ба мактаб аз 17 август: шарҳи вазорат аз фармоиши махсуси вазири маориф

Вазорати маорифи Тоҷикистон фармоиши махсуси вазири маорифи кишварро вобаста ба вазъи пешомада дар иртибот бо паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон тавзеҳ додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 май – Sputnik. Дар чанд банди фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазъи пешомада дар робита бо коронавирус тартиби имтиҳонот ва таътил тавзеҳ дода мешаванд.

Вазорати маориф хабарҳои додани маоши омӯзгорон барои мубоиза бо COVID - 19-ро рад кард

Тавре Эҳсони Хушбахт, сухангӯи вазорат хабар медиҳад, тибқи ин фармоиш таътил дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ (дар мувофиқа бо ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) тамдид карда мешавад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бошад, аз 11 май то 16 августи соли 2020 ба хонандагону омӯзгорон таътили тобистона эълон карда мешавад.

"Идомаи соли таҳсили 2019-2020 дар синфҳои 1-8 ва 10 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ аз 17 августи соли 2020 оғоз карда шавад", - омадааст дар фармоиши вазир.

Ҳамин тавр, соли таҳсил дар синфҳои 2 – 11 аз рӯйи натиҷаҳои се чоряки аввал ва давомоти чоряки чорум ҷамъбаст карда мешавад. Баҳои аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 ва 10 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона) бошад, дар асоси ҷамъбасти чорякҳо гузошта мешавад.

Вазорати маориф ба хонандагону донишҷӯён: аз гаштугузор дар кӯча худдорӣ кунед

Тибқи фармоиш, баҳои аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 5- 8 ва 10-11 муассисаҳои таҳсилоти умумии ғоибона дар асоси ҷамъбасти сессияҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ ҷамъбаст кара мешавад.
"Аттестатсияи хатм барои синфҳои 9 аз рӯйи 4 фан ва барои синфҳои 11 (12) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона ва ғоибона) аз рӯйи 6 фанни таълимӣ баргузор карда шавад. Аттестатсияи хатм дар синфҳои 9 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона ва ғоибона) аз 15 то 24 июни соли 2020 аз рӯи фанҳои "Адабиёт" , “Алгебра” , “Таърихи халқи тоҷик”, "Физика” ;абони хориҷӣ, "Забони русӣ гузаронида шавад", - тавзеҳ медиҳад вазорати маориф.

Хайр, донишгоҳ! Хатмкунандагон ҳам фориғ шуданд

 Раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф вазифадор карда шавад, ки музди меҳнати кормандони муассисаҳои таълимиро бо назардошти пардохти иловапулиҳо дар давраи муваққатан боздоштани раванди таълим ва маблағгузории рухсатии меҳнатии навбатии кормандони муассисаҳои таълимӣ тибқи тартиби муқарраргардида муайян намояд.