Тағйироти кадрӣ: таъйину барканории генералҳо

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат, Умарзода Икром Исломро бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ озод кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11  май — Sputnik. Раисиҷумҳур бо қарори дигар Иброҳимзода Нозимро муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин намуд.

Сабаб - фавт: фармони Президент барои қатъи ваколатҳои Рауфзода

Инчунин дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод - сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин шуд. То ҳол роҳбарии Раёсати умури дохилии ВМКБ-ро генерал Абдураҳмон Аламшозода ба уҳда дошт, ки ҳамзамон ноиби аввали вазири умури дохилӣ мебошад.

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, инчунин Боймаҳмадзода Музаффар Қурбон - сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ва Умарзода Икром Ислом - сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.