Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дастури Ҳакимзода ба раисон барои пардохти саривақтии маош ва кӯмакпулӣ ба табибон

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дастур дода, ки ҷиҳати саривақт ва дар навбати аввал гирифтани маоши моҳона, инчунин кумакпулиҳои иловагӣ ва дигар навъҳои дастгирии кормандони соҳаи тиб фавран тадбирандешӣ намоянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11  май — Sputnik. Дар вилояти Хатлон ба табибон маводи озуқа дасрас гардида, кӯмакпулӣ дода мешавад. Барои духтурони маълумоти олидор 500 сомонӣ, кормандони миёнаи тиббӣ 400 сомонӣ ва ҳайати хизматрасони муассисаҳои тиббӣ ба андозаи 300 сомонӣ кӯмакпулӣ дода мешавад.

Мақомоти вилояти Хатлон ба 300 нафар прабибон, кормандони миёнаи тиб, ҳайати хизматрасон ва онҳое, ки ба маъракаи мубориза алайҳи пандемияи COVID-19 дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ҷалб гардидаанд, маводи озуқа дастрас кард, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Кумаки Шамсулло Соҳибов ба пизишкони шаҳри Норак дастрас шуд

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дастур додааст, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ҷиҳати саривақт ва дар навбати аввал гирифтани маоши моҳона, инчунин кумакпулиҳои иловагӣ ва дигар навъҳои дастгирии кормандони соҳаи тиб фавран тадбирандешӣ намоянд.

Ба иттилои манбаъ, тибқи дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин аз номи мақомоти вилояти Хатлон ба 300 нафар табибон, кормандони миёнаи тиб, ҳайати хизматрасон ва онҳое, ки ба маъракаи мубориза алайҳи пандемияи COVID-19 дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ҷалб гардидаанд, маводи озуқа дастрас карда шуд.

Ин кӯмакҳо бо мақсади дастгирии иҷтимоии кормандони соҳаи тиб, ки дар беморхонаҳои барои муолиҷаи беморони сироятии коронавирус ва илтиҳоби шуш муайяншуда заҳмат мекашанд, нигаронида шудааст.

Раиси вилоят бо изҳори сипос аз фаъолияти табибоне, ки баҳри ҳифзи сиҳатии аҳолӣ меҳнат мекунанд, таъкид намуд, ки бинобар афзоиш ёфтани ҳаҷми кори табибон, кормандони миёнаи тиб ва ҳайати хизматрасони муассисаҳои тандурустӣ, зарурати таъмини шароити арзандаи фаъолият, дастгирии иҷтимоӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо ба миён омадааст.

Гуфта мешавад, ки чунин кӯмаки ғизоӣ, ки аз орд, биринҷ, равған, картошка, пиёз иборат буд, ба сад нафар табибону ҳамшираҳои шафқати Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар дастрас гардид.

Манбаъ афзуда, ки бо ҳидоятҳои Эмомалӣ Раҳмон ва дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои чорабиниҳои пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории короновирус COVID-19 аз ҳисоби маблағҳои харҷномавӣ, маблағҳои махсус, бақияи озод ва даромади барзиёдатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 5 миллиону 358 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.