Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дастури Путин барои барқарор кардани фаъолияти соҳаи иқтисод

Президенти Русия Владимир Путин иқрор шуд, ки маҳдудиятҳо дар робита ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ба иқтисоди кишвар таъсири манфӣ расонд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дастур дод, то фаъолияти соҳаи иқтисод барқарор карда шавад.

Путин гуфт, рӯзҳои истироҳат тамом шуд, вале мубориза бо COVID - 19 не

Тибқи супориши Путин, барқароршавӣ бояд аз фардо, 12 май оғоз шавад.

Сухан дар бораи соҳаҳое чун алоқа, энержӣ, кишоварзӣ, сохтмон ва истеҳсолот меравад.

"Оғоз аз 12 май дар ҳамаи ҷое, ки имкон аст ба барқарор кардани фаъолияти соҳаҳои иқтисод бояд пардохт.  Ин сохтмон, истеҳсолот, кишоварзӣ, алоқа, энержӣ ва коркарди сангҳои қимматбаҳо мебошад", - гуфт Путин.

Кишвардор қайд кард, ки дар ин соҳаҳо шумораи зиёди коргарон банд ҳастанд, ки бо истифодабарандагон алоқа намекунанд.

Президент иқрор шуд, ки маҳдудиятҳо дар робита ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ба иқтисоди кишвар таъсири манфӣ расонд.

"Эпидемия ва маҳдудиятҳо ба соҳаҳои иқтисод ва иҷтимоъ зарбаи сахт заданд. Даромади мардум кам шуд, вале хароҷоти пешбининашуда афзуд", - гуфт президент.