Кумаки Шамсулло Соҳибов ба пизишкони шаҳри Норак дастрас шуд

Муассисаи тандурустии шаҳри Норак бо доруворӣ, либосҳои тиббии муҳофизатӣ, айнакҳои тиббии муҳофизатӣ, дастпӯшакҳо, ниқобҳои тиббӣ, хилъатҳо, маводҳои антисептикӣ, маводҳои поккориву тамизкорӣ ва ғайра таъмин карда шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Норак санаи 9 май дар Рӯзи Ғалаба бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов як мошини боркаш бо маводҳои дорӯворӣ, ҳамчунин айнаки тиббии муҳофизатӣ, дастпушакҳо, ниқобҳои тиббӣ рахти хоб зери шиори "Шифо ва ҳамдиллӣ" барои табобати беморон ба соҳаи тибби шаҳри Норак ройгон дастрас карда шуд.

Кумаки Шамсулло Соҳибов ба мардуми Хатлон: 25 боркаш бо лавозимоти тиббӣ

Тибқи иттилои манбаъ, иқдоми соҳибкор дар шароити паҳншудани коронавирус дар миқёси ҷумҳурӣ ва эҳтиёҷоти воқеии соҳаи тандурустии шаҳри Норак заруру саривақтӣ буда, ин кумакҳо ба ниёзмандон, беморон ва табибон сарф мешавад.

Дар ҳамин ҳол, раиси шахри Норак Неъматзода Маликшо Маҳмадшо барои ин кумаки саривақтӣ ба соҳибкор Шамсулло Соҳибов арзи сипос кардааст.

“Аз номи мақомоти шаҳри Норак ба соҳибкор Шамсулло Соҳибов миннатдорӣ баён мекунам, умедворам, ки дигар соҳибкорони кишвар низ ба чунин иқдомҳои хайрхоҳона ва башардӯстона, ки дар ин давру замон барои ҳар як бемору эҳтиёҷманд муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад, пайравӣ мекунанд”, - таъкид доштааст Маликшо Неъиатзода.