Сафири Қирғизистонро ба ВУХ Тоҷикистон хонданд ва ба ӯ нотаи эътироз супориданд

Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Жениш Рустамбеков дар робита ба даргириҳо дар марз, ба Вазорати корҳои хориҷӣ даъват шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 май – Sputnik. Ба сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон, Жениш Рустамбеков нотаи эътироз супорида шуд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Гузориши тозаи КДАМ аз даргириҳо: низомиёни қирғиз аз автомати Калашников тир парронданд

"Ба сафир барои амалҳои иғвогаронаи мардум ва низомиёни Қирғизистон, ки ба тирпарронӣ оварда расонд, нотаи эътирози Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон супорида шуд", - омадааст дар хабарнома.

Омори нав: дар муноқишаи марзӣ 4 нафар захм бардоштанд, се низомӣ ва як сокини маҳаллӣ

Дар паи гуфтушунид ҳамаи ҷавобгарӣ барои номуътадил кардани вазъият дар марз, бар дӯши ҷониби Қирғизистон гузошта шуд.

Ҷароҳати 2 тоҷик: даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва шарҳи ҷонибҳо

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон талаб кардааст, ки амалҳои иғвогаронаро бо истифодаи силоҳ, хотима бахшанд ва қазияи даргирии рӯзи 8 май дар марзро тафтиш карда, гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашанд.