Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Кумаки Шамсулло Соҳибов ба мардуми Хатлон: 25 боркаш бо лавозимоти тиббӣ

Муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бо доруворӣ, либосҳои тиббии муҳофизатӣ, айнакҳои тиббии муҳофизатӣ, дастпӯшакҳо, ниқобҳои тиббӣ, хилъатҳо, маводҳои антисептикӣ, маводҳои поккориву тамизкорӣ ва ғайра пурра ба тариқи ройгон таъмин карда мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 май – Sputnik. Бо ибтикори соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов, рӯзи 9 май корвони иборат аз 25 мошини борбар барои кумак ба сокинони вилояти Хатлон, ки дар муассисаҳои тиббӣ бистарӣ шудаанд, ба шаҳри Бохтар ворид гардид, хабар медиҳад Носирҷон Маъмурзода, сухангӯи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Гуфта мешавад, ки корвони мошинҳои ҳомили маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ ҳамин рӯз бо роҳбаладии намояндагони мақомоти вилояти Хатлон ба ҳамаи 25 шаҳру навоҳии вилоят сафарбар гардиданд.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин иқдом, ки таҳти унвони "Шифо ва ҳамдилӣ" амалӣ мегардад, муассисаҳои тандурустии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо лавозимоти тиббӣ, аз ҷумла маводи гуногуни доруворӣ, либосҳои тиббии муҳофизатӣ, айнакҳои тиббии муҳофизатӣ, дастпӯшакҳо, ниқобҳои тиббӣ, хилъатҳо, маводҳои антисептикӣ, маводҳои поккориву тамизкорӣ ва ғайра пурра ба тариқи ройгон таъмин карда мешаванд. Кумакҳои мазкур дар маҷмӯъ зиёда аз дусад ҳазор бастаро ташкил медиҳад.

Дар беморхонаи шаҳри Бохтар 110 бемори илтиҳоби шуш сиҳат гардида мураххас шуданд - аксҳо

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар маросими қабули корвони лавозимоти тиббӣ зикр намудааст, ки ин ташаббуси соҳибкор Шамсулло Соҳибов аз дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Ташаббуси инсондӯстона ва ватанпарастонаи соҳибкор дар шароити доман паҳн намудани бемории сироятии коронавирус дар миқёси олам ва эҳтиёҷоти воқеии соҳаи тандурустии вилоят заруру саривақтӣ буда, ин кумакҳо ба ниёзмандон, беморон ва табибон сарф мешавад.

Раиси вилоят аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба соҳибкор Соҳибов миннатдорӣ баён намуда, изҳори умедворӣ кардааст, ки дигар соҳибкорон низ ба чунин иқдомҳои хайрхоҳона ва башардӯстона, ки дар ин давру замон барои ҳар як бемору эҳтиёҷманд муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад, пайравӣ мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки имрӯз аз дар беморхонаи шаҳри Бохтар 110 бемори илтиҳоби шуш сиҳат гардида мураххас шуданд.