ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Ба далели хуруҷи COVID -19 имсол маросими Ҳаҷ лағв гардиданд ва бархе аз зоирини тоҷик тасмим гирифтаанд, маблағи ҷамъовардаашонро барои корҳои савоби дигар сарф намоянд.
Исохӯҷа Каримхӯҷаев, яке аз ҳазорон сокини Тоҷикистон аст, ки барои зиёрати хонаи Худо имсол ҳудуди 60 ҳазор сомонӣ пардохт кардааст.
Маъмури Юсуфзод, котиби матбуоти ҳукумати Хуҷанд, гуфт, Каримхӯҷаев, бо назардошти вазъи феълӣ тасмим гирифтааст, маблағи барои ҳаҷ пардохтнамудаашро барои мубориза бо вируси корона гузаронад.
“Алҳол 20 ҳазор сомонии худро ба суратҳисоби махсуси Ситод оид ба пешгирии бемории COVID- 19 гузаронидааст. Дар давоми ҳафта низ азм дорад 40 ҳазор сомонии дигарро интиқол бидиҳад”, - иттилоъ дод Юсуфзод.
Исохӯҷа Каримхӯҷаев ҳоло 75 сол дорад ва дорои унвони шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ собиқ корманди соҳаи тиб буда, ҳудуди 60 сол ба сифати духтур ва дорусоз дар муассисаҳои тандурустии ҳудуди вилояти Суғд фаъолият намудааст.
Соли гузашта ҳудуди 6 ҳазор сокини Тоҷикистон сафари Ҳаҷ карда буданд ва имсол ҳам ба ҳамин теъдод сокинон аз шаҳру навоҳии кишвар азми зиёрати хонаи Худоро доштанд.
Имсол қиммати сафари Ҳаҷ барои сокинони Тоҷикистон 60 ҳазор сомонӣ, муодили бештар аз 5,5 ҳазор доллари амрикоӣ муқаррар шуда буд.