Омори COVID-19 дар шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон: 2 фавт ва 61 мавриди ҷадид

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз афзоиши теъдоди фавтидагон ва гирифторон ба маризии “вируси корона” ё COVID-19 дар як рӯзи ахир хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Дар иттилоияе, ки Маркази матбуоти Вазорат дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, то соати 17:00 – и имрӯз – 8 май теъдоди гирифторони “вируси корона” дар кишвар ба 522 нафар расид, ки аз ин шумора 61 мавриди ҷадид мебошад. 

Муродов ба се оилаи камбизоат дар Душанбе хона дод-аксҳо

Манбаъ афзуд, шумораи онҳое, ки аз ин маризӣ ҷон додаанд, 2 нафар афзуд ва ба 14 нафар расид.

“Аз ин 522 нафар дар шаҳри Душанбе - 223, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 83, ВМКБ - 18 нафар, Хатлон - 59 ва дар вилояти Суғд 139 нафар бо ташхиси “вируси корона” ошкор шудаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то бегоҳии 8 майи соли равон дар муассисаҳои табобатии кишвар ҳамагӣ 4286 нафар зери назорати табибон қарор дошта, тайи шабонарӯзи охир 420 нафар дар ҳолати қаноатбахш аз муассисаҳои табобатӣ ба хона ҷавоб дода шудаанд.