ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Мадаминов гуфт, лабораторияе, ки ӯ роҳбарӣ мекунад, метавонад ба Тоҷикистон дар мубориза бо коронавирус кӯмак кунад.
"Эҳтимол, мо ба Тоҷикистон таҷҳизоти муҳофизатӣ аз коронавирус ворид созем ва таҷрибаи худро дар мубориза бо сироят мубодила кунем. Мо инчунин ҳамкасбони тоҷики худро барои ташхиси лабораторӣ омӯзиш медиҳем ва дар ҳолати зарурӣ ба онҳо дар муайян кардани манбаъҳои сироят кӯмак мерасонем. Мумкин аст, ҳатто тавассути воситаҳои махсус кумак расонем”,- гуфт коршинос ба Sputnik Тоҷикистон.
Вай инчунин илова намуд, ки эҳтимол дорад, аввалин эпидемиологҳои ӯзбек ба Тоҷикистон рафта, вазъи коронавирусро дар кишвар арзёбӣ кунанд ва инчунин муаян созанд, ки ҷумҳурӣ ба чи кумакҳо ниёз доранд.
Пас аз ин мутахассисони ӯзбек имкон пайдо мекунанд, ки нақша таҳия кунанд ва миқдори корҳоро барои мубориза бо паҳншавии сирояти беморӣ дар кишвар муайян кунанд.
Ёдовар мешавем, имрӯ нахустин гуруҳи табибони ӯзбекр ва кумакҳои он кишвар иборат аз лавозимоти тмббӣ бо дастури Шавкат Мирзиёев вориди Тоҷикистон шуд.