Эмомалӣ Раҳмон ва Путин ҳамдигарро ба Рӯзи ғалаба табрик карданд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо  бо Владимир Путин, президенти Россия суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, Эмомалӣ Раҳмон аз номи мардум ва ҳукумати Тоҷикистон президенти Россия ва мардуми бародари русро бо солгарди 75-уми ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ самимона табрик намуда, ба кишвари дӯст барору комёбӣ ва шукуфоӣ орзу карданд.

Гуфтугӯи телефонии Раҳмон ва Путин: сарони Тоҷикистону Русия чи гуфтанд?

“Таъкид гардид, ки ин ғалаба бо шарофати муттаҳидӣ ва шуҷоати тамоми мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст омад”,-афзудааст манбаъ.

Зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки падарону бобоёни мо бо қаҳрамонии бемисл ва меҳнати зарбдори худ дар майдонҳои набард ва ақибгоҳ бароямон ҳисси доимии ифтихор, зиндагии пурсаодатро муҳайё карда, ба наслҳои оянда сулҳу озодиро фароҳам сохтанд.

“Қаҳрамонию ҷоннисории пуршарафи онҳо ҳамеша дар хотираи мо ҷовидон хоҳад монд. Итминон дорам, ки Рӯзи Ғалаба минбаъд низ барои рушди муназзами муносибатҳои Тоҷикистону Россия хизмат хоҳад кард”,-афзудааст манбаъ.

Дар рафти суҳбати ҳамчунин сарони давлатҳои Тоҷикистону Россия ҳамчунин як қатор масъалаҳои ҷории ҳамкории дуҷониба ва ҳалталаби шарикии стратегии Тоҷикистону Россияро мавриди баррасӣ қарор доданд.