ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Ахиран суҳбати телефонии Сироҷиддин Меҳруддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Чин Ван И баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, зимни суҳбат ҷонибҳо муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар арсаҳои гуногун дар чаҳорчӯби шарокати стратегии ҳамаҷониба ва иқдомҳои муштараки ду кишвар дар самти мубориза бо ҳамагирии Ковид-19-ро баррасӣ карданд.
Инчунин ба иттилои манбаъ, Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субраҳманям Ҷайшанкар гуфтугӯ кард.
“Дар ҷараёни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар заминаҳои гуногун ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд”, - таъкид доштааст ВУД Тоҷикистон.
Манбаъ зикр намудааст, ки мусоҳибон зимни арзёбии ҳамкории ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ва тиб, бар аҳаммияти идомаи ҳамёрӣ ва иқдомҳои муштарак ҷиҳати пирӯзӣ бар ҳамагирии Ковид-19 таъкид карданд.