Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Фаврӣ: хатсайри махсус ба Душанбе дорувориву лавозимоти тиббӣ овард - аксҳо

Бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ хатсайри махсуси чартерӣ аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон маводи доруворӣ ва лавозимоти зарурии тиббӣ овард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе, маводи зарурии воридшуда ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохторҳои он ҷиҳати истифода дар муассисаҳои тиббии пойтахт ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ  барои табобати бемориҳои сироятӣ, алалхусус пандемияи конронавирус-COVID-19 ба таври ройгон супорида мешавад.

Боз қарз: Сандуқи байналмилалии пул ба Тоҷикистон 189,5 млн. доллар дод

Ҳамчунин манбаъ зикр кардааст, ки дар пайравӣ ба ин иқдоми наҷиб роҳбарияти  ширкатҳои ватанӣ низ  дар пайи он ҳастанд, ки баҳри солимии аҳолии Тоҷикистон ва дастгирии қишри ниёзманд  бо маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ ба эҳсонкорӣ  рӯ оваранд.

Аз ҷумла, бо хатсайри махсус ширкати ватании “Ориёнфарм” аз Ҳиндустон миқдори муайяни маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ   ба Тоҷикистон  ворид кард, ки ҷиҳати таъмини аҳолии  мамлакат  бо маводи зарурӣ  дар ин давраи ҳассос  ва таъмини саломатии аҳолӣ мусоидат мекунад.

 

 

Ҳамчунин, дар чаҳорчӯби муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон бо ҳамин хатсайр як миқдор кумаки башардӯстонаи Ҳукумати Ҳиндустон иборат аз маводи доруворӣ барои муолиҷаи беморони Ковид-19 ба Тоҷикистон ворид карда шуд.

Манбаъ қайд кардааст, ки рӯзҳои наздик ташкили боз ҳамин гуна иқдомҳои эҳсонкорӣ такрор меёбад ва бо ин васила дар бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи ҷомеа саҳмгузорӣ карда мешавад.