Дар наздикии Ржев ҷанг мекард, орден ҳам дорад – хотироти Ғафур Шерматов аз падараш

Дар арафаи 75-умин солгарди Ғалаба бар Олмони фошистӣ Sputnik лоиҳаеро роҳандозӣ намудааст, ки дар он ҳар кас метавонад аз наздикони худ, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намуданд, нақл кунанд
Sputnik

Ғафур Шерматов, таърихиноси маъруфи тоҷик ба Sputnik аз хотироти падараш Ашӯр Шерматов нақл кард.

Ёдбуди ҳунармандони тоҷик аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Падари ӯ дар солҳои 1941, Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Ленинободро хатм мекард ва аввалин шуда, ариза навишт то ба ҷанг биравад.  

Бо дарназардошти он ки Ашӯр Шерматов донишҷӯи курси болоӣ буд, ӯро аввал ба омӯзишгоҳи Фрунзе равон карданд. Танҳо  баъд аз 9 моҳ Ашӯрро ба ҷанг ба наздикии Ржев бурданд.

Ашӯр Шерматов дар амалиёти зимистонаи Ржев-Сичёвск ба номи “Марс” иштирок намудааст. Мутаасифона артиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин амалиёт мувафақ набуд аммо ин амалиёт ба неруҳои Шуравӣ имкон дод артиши  шашуми генерал Паулюсро дар иҳота бигиранд.

“Падарам дар бораи ҷанг, чандон зиёд ҳарф намезад. Вай ҳамеша мегуфт, ин бисёр кори сангин буд”, - ба ёд меорад писараш Ғафур Шерматов.    

Ба гуфтаи писари қаҳрамон Ашӯр Шерматов дар наздикии шаҳри Белий вазифаи қумандони кушташударо бар дӯш гирифт ва ҳамонҷо захмӣ шуд. Ин аввалин захмиаш буд.

Беш аз як моҳ ӯ дар шаҳри Иваново буд, сипас ӯ боз ба ҷанг рафт. Ӯ дар ҷанг бисёр ҷасорат нишон додааст. Барои ҷасорат дар ҷанг ба ӯ медали “Ситораи сурх” додаанд.

“Вақте, ки ман пас аз марги падарам ба ордену медалҳои ӯ аҳамият додам. Ба ман бисёри чиз маълум шуд”, - нақл кард Ғафур.

Ба гуфтаи вай, падараш дар наздикии шаҳри Невел сахт захмӣ шуд ва пас аз ҳамин захмиаш диагр ба ҷанг барнагашт.