Онлайн: дар "Ҳанги ҷовидон" 2020 ду миллион кас ширкат мекунад

Ба далели паҳншавии густурдаи коронавируси навъи COVID - 19 дар Русия, имсол "Ҳанги ҷовидон" на дар кӯчаҳо балки дар фазои интернет баргузор мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Наздики 2 миллион кас барои ширкат дар аксияи "Ҳанги ҷовидон", ки дар Рӯзи Пирӯзӣ баргузор мешавад, дархост фиристодааст, хабар дод рӯзи панҷшанбе дар конфронси видеоӣ, ҳамраиси Ситоди марказии ҳаракати умумирусиягии "Ҳанги ҷовидони Русия" Сергей Макаров.

"Ҳанги ҷовидон" лағв мешавад? Маскав то як моҳ баргузории чорабиниҳои оммавиро манъ кард

"Ҳафтае пештар мо аз ҳамин студия лоиҳаро муаррифӣ кардем ва инак то имрӯз наздики ду миллион кас ба мо дархости ширкат фиристод", - изҳор дошт Макаров.

Ба гуфти ӯ шумораи хоҳишмандон рӯз то рӯз афзунтар мешавад ва "барои ба чунин натиҷа расидан нақши расонаҳо низ бориз аст".

Таъсири коронавирус ва тасмими бесобиқаи Путин: рӯзи 9 май Режаи Пирӯзӣ баргузор намешавад

Макаров гуфт, дар як рӯз намешавад ҳамаи куҳансарбозонро намоиш дод, ба ин хотир "Ҳанги ҷовидон" чанде ки лозим ояд, яъне давомдор намоиш дода мешавад.

Пахши онлайни "Ҳанги ҷовидон" дар платформаҳои зиёде аз ҷумла дар торномаи "Ҳанги ҷовидони Русия" - (www.polkrf.ru и www.polk.press), намош дода мешавад.