Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Чор донишҷӯйи тоҷик дар Қирғизистон гирифтори коронавирус шудаанд

Давоми  як шабонарӯзи охир дар Қирғизистон 28 ҳолати нави бемории коронавирус ба қайд гирифта шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Дар Қирғизистон чаҳор донишҷӯйи тоҷик мубталои коронавирус шудаанд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо истинод ба муовини вазири тандурустии он кишвар Нурболот Усенбоев.

Қирғизистон ба нуқтаи баландтарини авҷи маризии коронавирус расид

Ба иттилои манбаъ, аз 28 ҳолати наве, ки рӯзи гузашта ба қайд гирифта шуданд, 5 нафарашон шаҳрвандони хориҷа гуфта мешавад, ки чор нафарашон донишҷӯёни тоҷик мебошанд.

Гуфта мешавад, донишҷӯён баъди убури марзи Қирғизистон дар қарантин ҷой карда шуда, аз онҳо бемории коронавирус дарёфт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, давоми як рӯзи охир 28 гирифтори коронавирусро маълум кардаанд. Шумораи умумии мубталоён дар Қирғизистон то имрӯз ба 871 нафар расидааст.

Дар Тоҷикистон бошад ба ҳолати рӯзи гузашта теъдоди мубталоёни коронавирус ба 293 нафар расида, панҷ нафар ҳалок шудааст.