Бонки миллӣ расман хабари гирифтори пневмония шудани Ҷамолиддин Нуралиевро рад кард

Бонки миллии Тоҷикистон хабарҳо дар бораи гирифтор шудани кормандони баландпояаашро ба бемории илтиҳоби шуш (пневмания)  рад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуотии Бонки миллӣ рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои ҳангомаҷӯ хабарҳои бардурӯғ дар хусуси гирифтори бемории илтиҳоби шуш (пневмания) ва бистарӣ гардидани Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода асоси воқеӣ надорад.

Охирин омори CОVID-19 дар Тоҷикистон: 5 фавт ва 293 гирифтор

Ҳамчунин БМТ хабари гирифтории кормандони дигарашро таҳрифшуда ва дур аз воқеият хондааст.

“Бонки миллии Тоҷикистон расман изҳор менамояд, ки ин хабарҳо асоси воқеӣ надошта, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода сиҳату саломат ва дар дафтари корӣ аз пайи иҷрои вазифаҳои худ мебошанд”,- афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, маълумот дар хусуси бемории кормандон низ асоси воқеӣ надошта, қисме аз кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар рухсатии меҳнатии нақшавӣ қарор доранд ва кормандони боқимонда ба иҷрои вазифаҳои худ идома дода истодаанд.

Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳамаи шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш намудааст, ки ба ҳар гуна хабару гузоришҳои беасос ва ҳангоматалаб, ки ин шабу рӯз зиёд гардидаанд, бовар накарда, ба сарчашмаҳои расмӣ ва манбаъҳои эътимоднок такя намоянд.

Зеро танҳо дар сурати нигоҳ доштани оромӣ метавон ба ҳар навъ беморӣ ғолиб омад.