ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Одил Бӯстонов, писари чорум ва 67 – солаи ӯ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, падараш ду рӯз пеш, 3 май, дар синни 112 – солагӣ дар манзили зисташ дар кӯчаи Э. Шарипов, хонаи 15 – и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе давра кард ва дар қабристони Сариосиё ба хок супурда шуд.
“Даргузашти он кас ба ин маризиҳои нав ҳеҷ рабте надорад. Бо тақозои ҳаёт организм - бадани инсон ҳам пир шуда, аз кор мемонад. Он кас “маризии хандақӣ” низ доштанд. Қисматҳои қафаси синаву дигар узвҳои даруниашон дард мекард. Аз пирӣ гузаштанд. Вақташ омад, рафтанд. Худоро шукр, тӯяшон буд. 112 сол шӯхӣ нест. Худованд, ҳамаро ба синни он кас расонад”, - гуфт Одил Бӯстонов.
Отақул Бӯстонов, бузургсолтарини 176 сарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон буд, ки дар ҳоли ҳозир дар кишвар зиндагӣ мекунанд. Бино ба иттилои расмӣ, ӯ 12 январи соли 1912 таваллуд шудааст, аммо наздиконаш мегӯянд, дар асл ӯ соли 1908 дар деҳаи Хушекати волости Фалғари уезди Самарқанд, тобеъи генерал-губернатории Туркистон (ноҳияи Айнии Тоҷикистони имрӯза) ба дунё омадааст.
Наваду чор соли пурбаракат: вопасин иштирокдори ҶБВ аз Хуҷанд даргузашт
Пас аз Инқилоби Октябр дар синни тақрибан 25 – 30 - солагӣ ба Душанбе омада, шомили Мактаби олии коммунистии ҷавонон мешавад ва он ҷо сею ним сол таҳсил мекунад.
Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз оғоз то анҷом ширкат карда, дар озодии шаҳрҳои Сталинград, Кенисберг (Калининград), Вена, Будапешт, охирин ва бузургтарин амалиёти он ҷанг – Амалиёти муҳофизатии Балатон (6-15 марти 1945) барои озодии Маҷористон низ ширкат карда, дар дидори сарбозони Иттиҳоди Шӯравиву Амрико соҳили дарёи Элба (25 апрели 1945) ширкат кардааст.
“Пас аз шикасти артиши 6 – уми Паулюс ба ӯ минҳайси афсар як корди обӣ доданд ва корномааш дар он сабт шудааст. Ин кордро ӯ то охири умр пеши худ нигоҳ медошт”, - қисса мекунад Одил Бӯстонов.
Ба қавли ӯ, соли 1946 азбаски падараш коммунист буд, ӯро ба азхудкунии даштҳои Данғара фиристонданд ва як муддат муовини раиси колхози “Данғара” буд, ки мустақим аз вазорати кишоварзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Маскав фармон мебурд. Аз соли 1949 мудири ҳамин хоҷагӣ таъин шуд ва дар ин вазифа то соли 1972 кор кард.
То рафтан ба нафақа Отақул Бӯстонов як замон мудири Истгоҳи зотпарварӣ ва як муддати дигар мудири Маркази механиконидашудаи Данғара ҳам будааст.
“Падарам соли 1947 дар Данғара хонадор шуданд. Ҳамаи фарзандонашон дар ин ҷо ба дунё омаданд. Аз камари худашон мо 9 фарзандем ва ду фарзандхонд, аз хешовандонамон низ доранд, ки волидайнашон дар пайи сил гузашта буданд”, - гуфт Одил Бӯстонов.
Аз ҷумлаи 175 иштирокчии боқимондаи ҶБВ дар Тоҷикистон акнун бузургсолтарини онҳо Рашид Каримов, сокини деҳаи Шоҳамбарии ноҳияи Ҳисор хоҳад буд, ки 9 майи соли 1912 таваллуд шудааст. Ҷавонтарини собиқадорони ин ҷанг Абдулло Сулаймонов, мутавваллиди 1 июли соли 1927 ва сокини деҳаи Тошохӯри ноҳияи Ёвон аст.
Тибқи додаҳои бойгонии Ҳизб коммунисти Тоҷикистон, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 – 1945) ҳудуди 250 ҳазор сарбозу афсари кишвар ва ҳамчунин 45 ҳазор коргари ақибгоҳ ширкат кардаанд. Аз ин теъдод, беш аз 100 ҳазор нафар ба хона барнагаштанд. 56 ҳазор аз сокинони Тоҷикистон бо нишону медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шудаанд. Ба 55 тан аз онҳо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст.