Ёдбуди ҳунармандони тоҷик аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Чаҳор ҳунарманди машҳури Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Байти ёдбуд”, ки дар арафаи Иди Ғалаба роҳандозӣ шудааст, порае аз ашъори Абдуҷаббор Қаҳҳор, ки “Бисту ҳафт миллион” ном дорад, тариқи як сабти видеоӣ қироат карданд
Sputnik

Дар ин навор, ки бахшида ба 75 солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудааст, Мунира Дадаева, артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон, Миралӣ Достиев, вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Тоҷикистон, артисти халқии Тоҷикистон, Қурбони Собир, артисти халқии Тоҷикистон, Ибодулло Машрабов, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон пораи шеъри “бисту ҳафт миллион”-и  Абдуҷаббор Қоҳҳорро қироат мекунанд.

Шубҳа дар омори Ҷанги Бузурги Ватанӣ: теъдоди тоҷикҳо бештар буд

Лоиҳаи “Байти ёдбуд” бо ибтикори асамблеяи байнипарлумонии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ ташкил шудааст.

Ҳукумати Суғд ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 704 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ медиҳад

Мақсад аз лоиҳаи мазкур бузургдошти хотираҳо дар мисраҳои шоирони миллӣ дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст, ки насли оянда низ онҳоро дар ёд хоҳад дошт.