Саҳми Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар Фонди мубориза бо коронавирус

Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсуси худ беш аз 50 ҳазор сомонӣ ба хазинаи махсуси мубориза бо COVID-19 додаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Кормандони Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон инчунин тасмим гирифтаанд, ки  охири моҳи май  музди маоши чандрӯзаи худро ба фонди мубориза бо коронавирус гузаронанд, хабар дод “Ховар”.

Ташкили ситод дар Бонки миллӣ барои наҷоти иқтисодиёти Тоҷикистон дар давраи коронавирус

Маъракаи гузарондани маблағ ба суратҳисоби махсуси мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон баъди иқдоми раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, оғоз шуд, ки нахустин шуда маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсуси мубориза бо коронавирус гузаронд.

Қаблан роҳбарони вазорату кумитаҳо, аз ҷумла вазоратҳои умури дохилӣ, саноату технологияҳои нав маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби мубориза бо коронавирус доданд.

Фавти ду маризи коронавирус дар як рӯз: теъдоди қурбониён дар Қазоқистн ба 27 нафар расид

Эмомалӣ Раҳмон барои дар се моҳ  пардохти иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сирояти COVID-19 кор мекунанд, аз ҳисоби Фонди захиравии Президент 12,4 миллион сомонӣ ҷудо кард.