Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Рустами Эмомалӣ бо ниқобу риояи фосила ба беморхонаҳо рафт- аксҳо

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, имрӯз бо ҷараёни таъсиси беморхонаҳои табобатӣ барои гирифторони COVID-19 дар ҳудуди пойтахт шинос шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, нахуст Рустами Эмомалӣ  бинои баландошёнаи сохтмонаш нотамомро, ки ҳамчун беморхона барои табобати беморони сироятӣ пешбинӣ шудааст, аз назар гузаронд.

Афзоиши гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон: дар кадом шаҳру вилоят чанд нафар?

Манбаъ афзуд, корҳои сохтмонӣ дар бинои 8-ошёнаи мазкур моҳи апрели соли 2018 оғоз гардида, масоҳати 10 355 метри мураббаъро  фаро мегирад.   

Раиси шаҳр масъулини соҳаро вазифадор намудаст, ки корҳои сохтмону васлгарӣ ва рангу пардози биноро дар муҳлати 1 моҳ ба анҷом расонда, онро барои муолиҷаи то 200 нафар гирифторони бемориҳои сироятӣ бо тамоми шароити замонавӣ омода кунанд.

Рустами Эмомалӣ бо ниқобу риояи фосила ба беморхонаҳо рафт- аксҳо

Шаҳрдорӣ иттилоъ дод, ки раиси Душанбе инчунин беморхонаи дигар, ки дар бинои 6-ошёнаи ҳозиразамон дар масоҳати беш аз 14 200 метри мураббаъ ҷойгир аст, дидан намуд.

Рустами Эмомалӣ бо ниқобу риояи фосила ба беморхонаҳо рафт- аксҳо

“Беморхона аз 110 утоқи муолиҷавӣ ва 24 утоқи кори табибон, кабинетҳои доругузаронӣ ва табобатии соҳавӣ, ошхонаи замонавӣ барои 200 нафар дар як вақт ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат мебошад ва дар наздиктарин фурсат бо катҳои хоб ва дорувориву таҷҳизоти тиббии муосир муҷаҳҳаз гардонда мешавад”, - омадааст дар иттилоия.

Рустами Эмомалӣ бо ниқобу риояи фосила ба беморхонаҳо рафт- аксҳо

Рустами Эмомалӣ дастур додааст, ки  беморхонаи мазкурро дар муҳлати 3 рӯз барои қабул ва муолиҷаи  600 нафар гирифтори бемориҳои сироятӣ бо тамоми анвои доруворӣ, лавозимоти зарурии тиббӣ ва кормандони варзидаи соҳа тайёр кунанд.

Шаҳрдорӣ таъкид кард, ки барои муолиҷаи беморони сироятёфта дар кӯтоҳтарин муҳлат ба таври иловагӣ беморхонаҳои табобатӣ бо беш аз 3000 кати хобу шароити муосир фароҳам карда шаванд.