Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Роҳбарони Вазорати саноат маоши якмоҳаро барои мубориза бо COVID-19 доданд

Роҳбарони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон маоши якмоҳаи худро барои мубориза бо коронавирус дар кишвар доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати саноат, инчунин барои пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 маводи безараргардонӣ ва ниқоб ба Вазорати тандурустӣ дода шуд.

Вазорат мегӯяд, “дурӯғ”: табибон аз ҳисоби худ намехаранд, кумакҳо ихтиёриянд

Вазорати саноат ба Вазорати тандурустӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии  COVID-19 ҳудуди  5 ҳазор дона ниқоби тиббӣ, 250 дона либоси  яккаратаи муҳофизатии тиббӣ, 400 кило оҳаки хлордор ва 500 литр спирти техникӣ кумак намуд, хабар дод “Ховар”.

Манбаъ афзуд, роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар пайравӣ аз ташаббуси раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифт, ки паҳншавии  коронавирус (COVID-19)  маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби фонди хайриявии таъсисдодаи ситоди ҷумҳуриявӣ мегузаронанд.

Вазорати мазкур вобаста ба ҳолати баамаломада  дар ҷумҳурӣ 15 корхонаҳои дӯзандагиро   ба  истеҳсоли ниқоб  ва хилъатҳои муҳофизатии тиббӣ сафарбар намудааст, ки  “Сифат Саноат”, “Гулистони Душанбе”, “Тоҷтекс”, “Ёқут-2000”, “Чарм” , “Кота Глобал”,  “Фарм Текс”, “Кооператор”, “Нассоҷи Хуҷанд”, “Ноҳид”,  “Ҷавонӣ”,  “САТН”, “Фарм Суғд”  ва “Зинат” аз зумраи онҳо мебошанд.